Журналисти «Нури зиндагӣ» аз пардохти ҷарима озод шуд

Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд пас аз баррасии шикояти кассатсионӣ журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ озод кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод. Ба гуфтаи адвокат, суди вилоятӣ ҳамчунин қарори зинаи поёнии судиро дар хусуси манъи […]


Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд пас аз баррасии шикояти кассатсионӣ журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро аз пардохти ҷарима дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ озод кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати журналист Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод.

Ба гуфтаи адвокат, суди вилоятӣ ҳамчунин қарори зинаи поёнии судиро дар хусуси манъи ба Исмоилов дар муддати се сол машғул шудан ба фаъолияти рӯзноманигориро низ бекор сохт. Қарори мазкур бар асоси нисбат ба Исмоилов мавриди истифода қарор гирифтани қонуни афв қабул шудааст. Ҳукми суди шаҳри Табошар бошад, бетағйир боқӣ гузошта шуд.

Ёдрас мекунем, ки 14-уми октябри соли равон суди шаҳри Табошар журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир) ва 189, қисми 2 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ҷариманбандӣ карда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".