БОР Барномаи мусоидат ба Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014-ро маъқул шуморид

Date:


Бонки осиёгии рушд Барномаи мусоидат ба Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014-ро, ки мутобиқи он ба Тоҷикистон дар зарфи се сол 215,1 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо карда мешаванд, маъқул шуморид.

Тавре аз намояндагии доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) дар ҶТ хабар доданд, барои соли 2012 ҳаҷми кӯмаки БОР ба ҷумҳурӣ 62 млн., барои соли 2013 – 84,3 млн. ва соли 2014 низ 69 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, маблағи кӯмаки техникӣ тӯли ин солҳо ба 15,5 млн. доллари ИМА баробар хоҳад буд.

«Ҳаҷми ниҳоии кӯмак ба нишондиҳандаҳо дар кишвар ва воситаҳои мавҷудаи БОР вобаста хоҳанд буд», – гуфанд дар намояндагӣ.

Воситаҳои мазкур ба ҳалли масоили бештар афзалиятнок оид ба рушди кишвар, аз ҷумла дастгирӣ дар барқарорсозии зерсохтори мавҷуда, беҳбуди таъмин бо барқ бо шумули тавсеъаи истифодаи энергияи барқароршаванда барои таъмини талаботи дохилӣ ва берунӣ ва ҳамчунин рушди бахши хусусӣ равона мегарданд.

Дар намояндагии бонк зикр карданд, ки дар барнома барои соли 2012 амалисозии лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент-марзи Ӯзбекистон, рушди сарчашмаҳои алтернативии дастрасӣ ба энергия ва ҳамчунин ду лоиҳаи начандон бузург оид ба ёрӣ расонидан ба ҷамоатҳои маҳаллӣ дар рушди зерсохтори нақлиёт ва энергетика пешбинӣ мешавад, ки шояд аз ҷониби Фонди Ҷопон оид ба коҳиши камбизоатӣ маблағгузорӣ шавад.

Барномаи БОР бо стратегияи миллӣ ва стратегияи коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Тоҷикистон ба узвияти Бонки осиёгии рушд соли 1998 пазируфта шуд. Аз он замон БОР дар шакли қарзҳои хурд, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ба Тоҷикистон беш аз 850 млн. доллари ИМА ҷудо кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...