Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар бахши истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизот гидроэнергетикӣ, гидромеханикӣ ва электромеханикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин робита Гурӯҳи «ЕРА»-и Ҷумҳурии Туркия масъалаи имконияти бунёди корхонаҳоро оид ба сохтмони […]


Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли таҷҳизот гидроэнергетикӣ, гидромеханикӣ ва электромеханикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин робита Гурӯҳи «ЕРА»-и Ҷумҳурии Туркия масъалаи имконияти бунёди корхонаҳоро оид ба сохтмони таҷҳизоти барқӣ энергетикӣ, таъсиси корхонаҳои алоҳида ва муштарак, тайёр кардани мутахассисон мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

Зимнан зикр гардид, ки Протоколи ҳамкориро муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Маҳмадуллоев ва Директори Гурӯҳи «ЕРА»-и Ҷумҳурии Туркия Алпай Унал ба имзо расониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.