Кӯмаки ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба кӯдакони ятиму бепарастор

Date:


Чанде қабл ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд,  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дирӯз ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, ба онҳо ба миқдори лозима маводи хӯрока овард. «Ӯ бо кору бор ва фаъолияти мураббиён, ҳолу аҳволи бачагон, вазъи утоқҳои корӣ, толори варзишӣ, рафти ҳунаромӯзии бачагон шинос шуда, баҳри ҳалли муаммою масъалаҳои мавҷуда, беҳдошти шароити зисту тарбия, таъминот бо сарулибос ва маводи ғизоӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод», – гуфтанд дар хадамоти раиси шаҳр.

Қобили зикр аст, ки муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, ки чанде муқаддам таъсис ёфта буд, бачагону ятиму бепарастор ва душвортарбия, фарзандони оилаҳои носолим, ҳамчунин кӯдакони волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бударо аз кулли гӯшаву канори вилояти Суғд ба паноҳи худ гирифтааст.

Дар ин ҷо барои тарбияи бачагон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд ва ин масъала ҳамеша таҳти назару таваҷҷӯҳи роҳбарияти шаҳру вилоят қарор дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...