Кӯмаки ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба кӯдакони ятиму бепарастор

Чанде қабл ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд,  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дирӯз ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, ба онҳо ба миқдори лозима маводи хӯрока овард. «Ӯ бо кору бор ва фаъолияти мураббиён, […]


Чанде қабл ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд,  раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дирӯз ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, ба онҳо ба миқдори лозима маводи хӯрока овард. «Ӯ бо кору бор ва фаъолияти мураббиён, ҳолу аҳволи бачагон, вазъи утоқҳои корӣ, толори варзишӣ, рафти ҳунаромӯзии бачагон шинос шуда, баҳри ҳалли муаммою масъалаҳои мавҷуда, беҳдошти шароити зисту тарбия, таъминот бо сарулибос ва маводи ғизоӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод», – гуфтанд дар хадамоти раиси шаҳр.

Қобили зикр аст, ки муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, ки чанде муқаддам таъсис ёфта буд, бачагону ятиму бепарастор ва душвортарбия, фарзандони оилаҳои носолим, ҳамчунин кӯдакони волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бударо аз кулли гӯшаву канори вилояти Суғд ба паноҳи худ гирифтааст.

Дар ин ҷо барои тарбияи бачагон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд ва ин масъала ҳамеша таҳти назару таваҷҷӯҳи роҳбарияти шаҳру вилоят қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.