Курсҳои такмили ихтисоси ҳукумати ИМА барои кормандони ниҳодҳои интизомӣ

Date:


Шӯъбаи байналмилалии мубориза зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Cафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Зе Эмерҷенс Груп курси “Такмили ихтисоси мураббиён оид ба услубҳои худмуҳофизатӣ”-ро барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, курси омӯзишии мазкур аз тарафи Шӯъбаи байналмилалии мубориза зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ  шуда, дар толори машқ ва услубҳои ҷисмонии  Маркази таълимии ВКД, ки аз нав таъмир гардида буд, гузаронида шуд. Намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ВКД, Академияи ВКД, Маркази таълимии ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ,  Қушунҳои сарҳадии КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, БДА, Хадамоти ёрии таъҷилӣ ва бехатарии фурудгоҳи байналмилалӣ ва Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, Хадамоти ёрии таъҷилии Раёсати оташнишонӣ ва Дастаҳои таъиноти махсуси ВКД-и шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва ВМКБ дар ин омӯзиш ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисони байналмилалӣ ва мураббиёни маҳаллии ташкилоти Зе Эмерҷенс Груп оид ба истифодаи дурусти қувва ва услубҳои худмуҳофизатие, ки дар таҷрибаи олии байналмилалӣ асос ёфтаанд, иштирокчиёнро омӯзониданд ва савияи дониши онҳоро баланд бардоштанд.  Дар байни иштирокчиёни интихобшудаи курси “Такмили ихтисоси мураббиён оид ба услубҳои худмуҳофизатӣ”, ки барои самаранок ва беҳтар гузаронидани омӯзиш (тренинг) дониш ва малакаҳои заруриро таъмин намуд, занон – кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ ширкат варзиданд.

«Раёсати ИМА оид ба назорати риояи қонунҳо дар бораи маводи мухаддир (DEA) назди Сафорати ИМА таълими муборизаи алайҳи маводи мухаддирро барои 25 коргарони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронд.  Таълим дар рӯзҳои аз 5 то 9 декабр гузашт ва аз машқҳои гузаронидани пурсиш, навиштани ҳисобот, истифодабарии далелҳо ва муайян намудани маводи мухаддирро иборат буд.  Омӯзишҳои иловагӣ соли 2012 ба нақша гирифта шудааст», – гуфтанд дар сафорат.

Зимнан зикр гардид, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба идомадиҳии пуштибонӣ аз сохтори ҳифзи ҳуқуқии Тоҷикистон ва кӯмаки худ ба он омода аст. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА барои барномаҳои ба тақвияти соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, болоравии иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон кӯмакдиҳанда беш аз 984 миллион доллари амрикоиро таъмин намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...