Тоҷикистон тавсияҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсонро иҷро мекунад

Ба парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии ҶТ ҷиҳати мутобиқати он ба муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҳамчунин дохил кардани ифодаи дақиқи «шианҷа» ба моддаи ҷудогонаи КҶ ҶТ равона гардидааст. Дар ҷараёни конфронс таҳти унвони «Маълумот […]

Темур Неъматов


Ба парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии ҶТ ҷиҳати мутобиқати он ба муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҳамчунин дохил кардани ифодаи дақиқи «шианҷа» ба моддаи ҷудогонаи КҶ ҶТ равона гардидааст.

Дар ҷараёни конфронс таҳти унвони «Маълумот дар бахши ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон – чолишҳои нав, вазифаҳои нав» дар шаҳри Душанбе мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии риояи ҳуқуқи шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Музаффар Ашӯров изҳор кард, ки ба парлумон чунин пешниҳодот ворид шудааст ва изҳори боварӣ намуд, ки он баъди чанде пазируфта хоҳад шуд.

«Дар парлумон ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» низ мавриди баррасӣ қарор дорад ва пас аз пешниҳоди тавсияҳои ниҳоӣ аз ҷониби ҳукумат ин қонун низ қабул карда хоҳад шуд», – гуфт вай.

Нигина Баҳриева, роҳбари ташкилоти ҷмъиятии «Нота Бене» дар навбати худ аз кӯшиши ҳукумат дар самти иҷрои тавсияҳои СММ оид ба риояи ҳуқуқи инсон, қабули қонунҳо ҷиҳати пешгирии истифодаи шиканҷа ва хушунат дар оила пуштибонӣ намуда, тайёр кардан, такмили ихтисос ва бозомомӯзии кадрҳои соҳибтаҷриба дар бахши ҳуқуқи инсонро таъкид кард.

Дар робита ба ин Музафар Ашӯров зикр кард, ки дар ҳар як бахши идоракунии давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва минтақаҳои сераҳолии кишвар фаъолият доштани мутахассисон оид ба ҳуқуқи байнулмилалӣ ва ҳуқуқи инсон зарур аст. «Дар Тоҷикистон ҳуқуқшиносон зиёданд, вале шумори мутахасисон оид ба ҳуқуқи инсон кофӣ нест ва агар мо дар ҳамдастӣ дар ин соҳа кор кунему барои ҳар як бахши ҳаёти ҷомеа мутахассиси кордон омода созем, ман мутмаинам, ки фаъолияти мо дар самти масоили ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон бамаротиб беҳтар хоҳад шуд», – гуфт Ашӯров ва афзуд, ки барои беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон истифодаи муассири ВАО, технологияҳои муосири иттилоотӣ ва дигар воситаҳои паҳнкунии муворфиқи мақсад аст.

Ёдрас мекунем, ки конфронс аз ҷониби Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ ва шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии риояи ҳуқуқи  шаҳрвандони дастгоҳи иҷроияи презденти Тоҷикистон ба муносибати 63-умин солгарди қабули Эломияи умумии ҳуқуқи инсон созмон дода шуд.

Иштирокчиёни чорабинӣ тарҳи кории барномаи давлатӣ оид ба маълумот дар бахши ҳуқуқи инсонро, ки аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳти роҳбарии дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳия гардидааст, баррасӣ карда, ҷиҳати такмили он тавсияҳои худро пешниҳод намуданд.

Дар кори конфронс намояндагони дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати корҳои дохилӣ, адлия, маориф, Раёсати хизмати давлатии назди сарвари давлат, Академияи улум, як қатор муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятии милливу байнулмилалӣ ширкат варзиданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.