Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ

Date:


Дар чаҳорчӯби иштирок дар Ҷаласаи 18-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Вилнюс, вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Линн Паско баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ Ҳ. Зарифӣ ба Л.Паско оид ба вазъ дар кишвар ва минтақа, рафти омодагӣ ба Конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон RECCA-V, ки гузаронидани он 26-27 марти соли 2012 дар ш.Душанбе дар назар аст, маълумот дод.

 Ба возеҳона баён намудани мавқеи созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои обӣ-энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ, мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва вазъият дар Афғонистон дар партави коҳиши ҳузури ҳарбиёни эътилофи байналмилалӣ дар кишвари ҳамсоя аҳамияти махсус дода шуд.

Вобаста ба ин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбати худро ба зарурияти роҳандозии ин амалиёт таҳти сарпарастии СММ, ҳамчунин муҳим будани ҳамкорӣ миёни СММ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мустаҳкамкунии марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ ва мусоидат ба барқарорсозии иқтисодии Афқонистон, ҷалб намуд. Ҳ. Зарифӣ иброз дошт, ки Тоҷикистон манфиатдор аст, то саҳми худро мутобиқи қудраташ барои оромӣ ва барқарорсозии Афғонистон гузорад. Дар ин замина лоиҳаи CASA-1000 ва сохтмони долонҳои нақлиётӣ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайванд месозанд, нақши асосиро мебозанд.

Дар ҷавоб Муовини Дабири Кулли СММ Линн Паско ба Тоҷикистон барои саҳмгузор будан дар барқарорсозии сулҳу субот дар минтақа ва ташаббусҳо ба хотири дастгирии Афғонистон изҳори сипос намуда, ҳамчунин ваъда дод, ки ба Тоҷикистон барои гузаронидани конфронси душанбегии RECCA-V мусоидат хоҳад кард.

 Худи ҳамон рӯз вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот Пйер Морел ба ҷониби Тоҷикистон оид ба гузаронидани вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ш.Бишкек дар даҳаи дувуми апрели соли 2012 хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки дар рӯзномаи вохӯрӣ масъалаҳои зерин – амнияти минтақавӣ дар ҳолати табдилёбандаи вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, мувофиқкунии стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ дар шароити нав бо дарназардошти ҳалли мушкилиҳои обӣ-энергетикӣ, муҳоҷират ва ғ. барои баррасӣ ворид шудаанд.

П. Морел аз гузаронидани Конфронси минтақавии навбатӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) дар шаҳри Душанбе истиқбол кард ва иштироки худро дар ин чорабинӣ таъйид намуд. Дар навбати худ, Намояндаи махсуси ИА оид ба ОМ аз Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар Конфронси сатҳи баланд CABSI, ки баҳори соли 2012 дар Вена баргузор хоҳад шуд, иштирок намояд.

Вазир Ҳ. Зарифӣ ба сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дод ва ба ҳамсӯҳбати худ оид ба вазъ дар минтақа ва кишвар муфассал маълумот дод. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ташаббусҳои охири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мустаҳкам намудани амният дар Осиёи Марказӣ ва таклифҳо роҷеъ ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо Афғонистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва омодасозии кадрҳо махсус ёдовар шуд.

Ҳамрохон Зарфӣ дар Вилнюс ҳамчунин бо намояндаи махсуси СММ оид ба Афғонистон Ян Кубиш мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо муфассал оид ба вазъи кунунии минтақа ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.

Ҳ. Зарифӣ мавқеи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи қадамҳои минбаъда оид ба таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя баён намуд. Вазир зарурати афзоиш додани кумаки молию иқтисодии ҷомеаи ҷаҳониро ба Афғонистон ба мақсади барқарорсозӣ ва таҷдиди иқтисоди он махсус қайд кард. Зикр гардид, ки бо сабаби ба Афғонистон додани ваколати таъмини амният, нақши СММ ба ҳайси сохтори байналхалқӣ боло меравад, ки тақозо дорад, то ба ҳукумати Афғонистон барои расидан ба ҳадафҳо кӯмак намояд.

Вазири корҳои хориҷӣ омода будани Тоҷикистонро оид ба истифодаи иқтидораш барои расонидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва техникӣ ба Афғонистон, бахусус, дар соҳаҳои таъминкунӣ бо қувваи барқ, коммуникатсия, ҳамчунин оид ба омодакунии кадрҳои ҳарбӣ ва мулкӣ изҳор дошт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related