Кушта шудани боз як тоҷик дар Магнитогорск

Date:


Дар Федератсияи Русия боз як зодаи Тоҷикистон кушта шуд. Шоми 9-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автомобили шаҳри Магнитогорск зодаи ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон Сайбурҳон Қирғизов ҳадафи тир қарор гирифт. Фавтида шиносномаи шаҳрвандии Русияро ҳам доро буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия Бахтиёр Султонов хабар дод, аз рӯйи далели кушта шудани С.Қирғизов, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Кормандони пулиси шаҳр ҷиҳати ҳарчи зудтар ошкор сохтани ҷинояти мазкур тадбирҳо меандешанд. Диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск ҷараёни тафтишотро пайгирӣ намуда, дар ин самт бо мақомоти интизомии шаҳр ҳамкории наздик ба роҳ монд», – гуфт Султонов.

Б.Султонов афзуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд фарзия, аз ҷумла фарзияи марбут ба фаъолияти касбии марҳумро низ мавриди санҷишу тафтишот қарор додаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...