Кушта шудани боз як тоҷик дар Магнитогорск

Дар Федератсияи Русия боз як зодаи Тоҷикистон кушта шуд. Шоми 9-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автомобили шаҳри Магнитогорск зодаи ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон Сайбурҳон Қирғизов ҳадафи тир қарор гирифт. Фавтида шиносномаи шаҳрвандии Русияро ҳам доро буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия Бахтиёр Султонов хабар дод, аз […]

ASIA-Plus


Дар Федератсияи Русия боз як зодаи Тоҷикистон кушта шуд. Шоми 9-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автомобили шаҳри Магнитогорск зодаи ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон Сайбурҳон Қирғизов ҳадафи тир қарор гирифт. Фавтида шиносномаи шаҳрвандии Русияро ҳам доро буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябински Русия Бахтиёр Султонов хабар дод, аз рӯйи далели кушта шудани С.Қирғизов, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Кормандони пулиси шаҳр ҷиҳати ҳарчи зудтар ошкор сохтани ҷинояти мазкур тадбирҳо меандешанд. Диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитогорск ҷараёни тафтишотро пайгирӣ намуда, дар ин самт бо мақомоти интизомии шаҳр ҳамкории наздик ба роҳ монд», – гуфт Султонов.

Б.Султонов афзуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд фарзия, аз ҷумла фарзияи марбут ба фаъолияти касбии марҳумро низ мавриди санҷишу тафтишот қарор додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.