Қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

Date:


Субҳи имрӯз, 4-уми январ, Ӯзбекистон бидуни огаҳии пешакӣ интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард.



Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, лозим ба таъкид аст, ки Тоҷикистон то ин вақт ҷиҳати байни ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ва Ширкати саҳҳомии “Узбектрансгаз” саривақт ба имзо расонидани шартнома доир ба интиқоли гази табиӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2011 ҶСК “Тоҷиктрансгаз” аз ҳамтоёни ӯзбекистонии худ хоҳиш намуд, ки оид ба ин масъала вохӯрии дуҷониба баргузор карда шавад, вале мутаассифона, ҷониби Ўзбекистон баргузории чунин вохӯриро ба таъхир гузошт.

18 ноябри соли 2011 дар ин мавзӯъ аз номи Сардори ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ба унвони Директори генералии Ширкати саҳҳомии “Узтрансгаз” мактуб таҳти №778/10 фиристода шуд, вале он низ бе ҷавоб монд.

22 декабри соли 2011 мактуби ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Алимардон ба унвони ҷонишини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ўзбекистон Р. Азимов ирсол гардид. Дар ҷавоб ҷаноби Р. Азимов изҳор намуд, ки бино бар сабаби то ҳол ба анҷом нарасидани гуфтушунидҳо доир ба интиқоли газ ба истифодабарандагони асосии гази Ўзбекистон (Россия, Хитой), айни ҳол бастани шартнома байни Тоҷикистону Ўзбекистон дар хусуси интиқоли газ номумкин аст.

Ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон низ доир ба ин масъала ба сохторҳои марбутаи ҷумҳурии ҳамсоя вохӯриҳои зиёд дошт.

Дар иртибот ба ин масъала имрӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуда, ба ӯ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов супорида шуд. Ҷониби Тоҷикистон бо такя ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои тӯлонии мутақобилан судманд миёни халқҳои тоҷику ӯзбек изҳори умедворӣ мекунад, ки масъалаи зикршуда дар рӯзҳои наздик ҳалли мусбати худро пайдо хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...