Оғози даври сеюми Барномаи гузариш ба «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ»

Гузариш ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами фаъолият, таъмини шаффофият ва соддагардонии коргузориҳо яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи роҳбарият ва аҳли кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» маҳсуб меёбад.  Бо ин мақсад дар чанд соли охир як идда корҳои назаррас аз қабили ҷорӣ намудани барномаҳои муосири бонкдорӣ, гузариши пурра ба технология ва таҷҳизоти […]

ASIA-Plus


Гузариш ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами фаъолият, таъмини шаффофият ва соддагардонии коргузориҳо яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи роҳбарият ва аҳли кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» маҳсуб меёбад.

 Бо ин мақсад дар чанд соли охир як идда корҳои назаррас аз қабили ҷорӣ намудани барномаҳои муосири бонкдорӣ, гузариши пурра ба технология ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ, омода намудани кадрҳои сатҳи байналмилалӣ ва билохир раҳандозии пардохти нафақаи аҳолӣ тавассути кортҳои бонкӣ, амалӣ мешаванд.

 Имрӯз даври сеюми Барномаи гузариш «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» оғоз гардид, ки дар он нафақагирони шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Ёвон, Турсунзода, Хуҷанд, Исфара, Табошар, Истаравшан ва Хоруғ ба ин шакли наву замонавии пардохт мегузаранд.

Тибқи иттилои Идораи кортҳои бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк» кортҳои плостикӣ барои ҳамаи нафақагирони шаҳрҳои номбурда аллакай омода гашта, дар манотиқи номбурда теъдоди даркории терминалҳои пардохтӣ насбу таъмин карда шудааст.

Шумораи нафақагирони дорандаи кортҳои бонкӣ аз 59 ҳазор нафар дар даври сеюм ба 168 ҳазор нафар расид, ки теъдоди умумии нафақагирони бо корт таъминшуда зиёда аз 100 ҳазорро ташкил медиҳад. Шумораи умумии терминалҳои пардохтии насбгашта дар саросари ҷумҳурӣ 164 ададро ташкил дода, 81 адади дигар барои насбу ба истифода додан омода аст, ки теъдоди умумии онҳо 245 ададро ташкил медиҳад.

Раёсат ва сохторҳои Амонатбонк дар баробари ин ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотони аҳолӣ, ҷиҳати истифодаи кортҳои бонкӣ низ корҳои зиёдеро аз қабили паҳн намудани буклету овезаҳои иттилоотӣ, пахши роликҳои тарғиботӣ ва аз ҳисоби кормандони бонк ташкили гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ, амалӣ менамояд.

Чи тавре натиҷаи рӯзҳои ахир нишон медиҳад, ин шакли фаъолият ҳам ба мизоҷон ва ҳам ба кормандони соҳа хеле маъқул омадааст. Соддагардонии фаъолият самаранокӣ ва оҷилияти пардохти нафақаро таъмин намуда, барои нафақагирон низ маҷмӯи имтиёз ва имкониятҳои мусоидро пешниҳод карда аст. Дар ин бора аз хадамоти матбуот ва рекалами «БДА «Амонатбонк» хабар доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.