Рустами Эмомалӣ президенти ФФТ интихоб шуд

Date:


Рустами Эмомалӣ президенти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб карда шуд. Собиқ президент Сӯҳроб Қосимов тайи даҳ соли ахир федератсияро сарварӣ мекард.

Дар конфронси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» Сӯҳроб Қосимов президенти тозаинтихоб Рустами Эмомлиро барои интиоб шудан ба ин мақом табрик гуфта, изҳор кард, ки «бо хушнудӣ инони ҳокимиятро месупорад». Ҳамчунин дар фаъолияти минбаъдаи Рустами Эмомалӣ комёбиҳо орзу намуд.

То интихоб шудан ба мақоми президенти ФФТ Р.Эмомалӣ вазифаи ноиби президенти федератсияро ба ӯҳда дошт.

Ёдрас мекунем, ки Сӯҳроб Қосимов аз соли 2002 сарварии ФФТ-р ба ӯҳда дошт. ФФТ 25-уми декабри соли 1991 таъсис ёфта, президенти аввалини он Мирзо Мамадҷонов мебошад.

Рустами Эмомалӣ – писари калонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷимкистон мебошад. Оиладор, соҳиби духтарча аст.

Айни замон ба ҳайси сардори Раёсати мубориза бо қочоқ ва қонуншикании гумрукии Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекунад. Қабла аз ин дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар вазифаи сардори Раёсати рушди тиҷорати хурду миёна фаъолият кардааст. Ҳамчунин ҳамлагари дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...