Ба истифода додани корхонаи 13-уми коркарди нахи пахта дар ҷануби ҷумҳурӣ

Date:


Дар минтақаи начандон дур аз шаҳри Кӯлоб корхонаи нави коркарди нахи пахта ба истифода дода шуд, ки дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 13-умин чунин корхона мебошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба маъмурияти корхонаи «Тиллои сафед» хабар дод, корхона дар заминаи собиқ анбори нигаҳдории меваи ҶДММ «Вектор»-и шаҳри Душанбе бунёд карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти истеҳсоли Чин мутобиқ бо назардошти камбуди ашёи хом дар минтақа васлу ҷобаҷогузорӣ шудааст. Иқтидори корхонаи хурди мазкур коркарди то 8-10 ҳазор тонна нахи пахта дар як солро ташкил медиҳад.

«Аллакай аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ 1100 тонна ашёи хом харида шуда, ҷиҳати таҳияи барномаи маблағгузории истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳадди ақал то 5 ҳазор тонна барои мавсими соли 2012 чораҳо андешида мешаванд», – гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҶДММ «Вектор» ба ҳуқуқи фурӯши нахи пахта бидуни корхонаҳои миёнарав соҳиб гардид.

Ёдрас мекунем, ки дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамасола то 60 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...