Вазорати меҳнат сандуқи қарзи имтиёзнок барои бекоронро афзуд

Соли равон ҳаҷми сандуқи қарзи имтиёзноки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои бекорон ба андозаи 30% афзуда, аз 11 млн. сомонии гсоли узашта то ба 13,3 млн. сомонӣ расонида шуд. Дар нишасти матбуотӣ директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати назди вазорат Нурулло Маҳмалиев изҳор кард, ки қарзҳои мазкур барои бекорон, […]

Меҳрангез Турсунзода


Соли равон ҳаҷми сандуқи қарзи имтиёзноки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои бекорон ба андозаи 30% афзуда, аз 11 млн. сомонии гсоли узашта то ба 13,3 млн. сомонӣ расонида шуд.

Дар нишасти матбуотӣ директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати назди вазорат Нурулло Маҳмалиев изҳор кард, ки қарзҳои мазкур барои бекорон, аз ҷумла муҳоҷирони кории ба ватан баргашта пешбинӣ шудаанд. Соли гузашта вазорат ба 307 нафар муҳоҷири корӣ чунин қарз пешниҳод кардааст.

Ҳаҷми қарзҳо, ба гуфтаи вай, ба навъи фаъолияти интихобкардаи қарзгиранда вобаста аст. «Масалан, агар шахс хоҳиши фаъолият дар бахши истеҳсолиро дошта бошад, ӯ ба гирифтани қарз дар ҳаҷми беш аз 7 ҳазор сомонӣ ҳуқуқ дорад. Агар навъи фаъолият тиҷорати хурд бошад, пас ба ӯ то 4,5 ҳазор сомонӣ қарз дода мешавад», – гуфт ӯ.

Ба қавли ӯ, соли гузашта дар маҷмӯъ аз чунин қарзҳои имтиёзноки бефоиз, ки ба муддати якуним сол дода мешаванд, ҳудуди 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон истифода бурдаанд.

Махмалиев зикр кард, ҳолатҳои барнагардонидани қарз ба қайд гирифта нашудаанд. «Шаҳрвандон машғули кор буда, даромад ба даст меранд ва саривақт қарзро бармегардонанд», – гуфт вай.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 аз Русия ба ватан 2 ҳазору 3217 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон истирдод ё хориҷ карда шуданд. Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта 735 ҳазору 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои кор сафари хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд, ки 653 ҳазору 257 нафарашонро мардон ва 81 ҳазору 774 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.


Акс аз www.newsland.ru

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.