Реҷаи дар вақти воқеӣ идора кардани хоҷагии пойтахт

Date:


Бо супориши раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз 1-уми феврали соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон лоиҳаи сармоягузорӣ таҳти унвони «Мо метавонем» ҷорӣ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, лоиҳа бо мақсади беҳбуди кор оид ба муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

«Дар лоиҳа роҳандозии сабт ва назорати электронӣ дар мавриди саривақт бартараф сохтани садамаҳо дар хатти интиқоли барқ, лӯлаҳои газӣ, қубурҳои обгузар, расонидани хизматгузориҳои коммуналӣ пешбинӣ шуда, дар реҷаи он-лайн ҷиҳати беҳбуди вазъи санитарии шаҳр, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёт ва дигар зерсохторҳои хизматрасонии шаҳри Душанбе саривақт чораҳо андешида хоҳанд шуд», – гуфт вай.

Ба қавли Ш.Саидов, мақомоти шаҳрдории пойтахт боварӣ дорад, ки бо ҷорӣ кардани лоиҳаи мазкур камбуду норасоиҳо дар хизматрасонии коммуналии шаҳри Душанбе бартараф хоҳанд шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...