Оғози мурофиаи парванда оид ба марги нозири БДА

Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парванда оид ба далели марги корманди шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобили пойтахт Равшан Шарифов оғоз мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» падари марҳум Шодӣ Шарифов хабар дод, бо анҷоми дубора бозбинии парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир карда шуд. Мутобиқи он, Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор дар […]

Ҳайдар Шодиев


Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баррасии парванда оид ба далели марги корманди шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобили пойтахт Равшан Шарифов оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» падари марҳум Шодӣ Шарифов хабар дод, бо анҷоми дубора бозбинии парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ хулосаи айбнома содир карда шуд. Мутобиқи он, Одинаев Озодбек ва Мирҷонов Саидмухтор дар содир намудани ҷиноят тибқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г»,  (Авбошӣ), 32, қ. 3-320, қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат) ва 108, қ. 1 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор моҳи апрели соли равон рух дод. Нозири БДА аз ҷониби ду тан аз сокинони шаҳри Душанбе бераҳмона латукӯб гардида буд. Ӯ дар роҳи кӯчаи Н. Қарабоев автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и мутаалиқ ба Саидмухтор Мирҷонови 30-соларо барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ бозмедорад. Дар дохили автомашина Озод Одинаеви 26-сола низ ҳузур доштааст. Ҳангоми омодасозии санад дар бораи қонуншикании маъмурӣ, ронанда ва мусофири автомашина пиёда шуда, ба латукӯби нозири БДА оғоз мекунанд. Дар натиҷа Равшан Шарифов ба беморхона мунтақил гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.

Дар таърихи 26-уми июли соли гузашта директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки кормандони агентӣ дар парвандаи бозшуда аз ҷониби мақомоти додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт нисбат ба амали ду нафар ҷавонон бобати то ба қатл расидан латкӯб кардани корманди БДА Равшан Шарифов як қатор тақаллубкориҳоро ошкор сохтаанд. Парванда ҷиҳати бозбинии дубора ба Прокуратураи генералӣ ирсол шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.