ТАЛКО қарзаш ба ширкати «Барқи тоҷик»-ро пурра пардохт намуд

Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) мегӯяд, дар назди ширкати «Барқи тоҷик» қарздор нест. Дар ин бора дар иттилоияи расмии ТАЛКО хабар дода мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, 14-уми январ Оҷонсии «Азия-Плюс» бо истинод ба сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дода буд, ки соли 2011 ширкати «ТАЛКО» мунтазам қарзҳои худро […]

ASIA-Plus


Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) мегӯяд, дар назди ширкати «Барқи тоҷик» қарздор нест. Дар ин бора дар иттилоияи расмии ТАЛКО хабар дода мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, 14-уми январ Оҷонсии «Азия-Плюс» бо истинод ба сухангӯйи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дода буд, ки соли 2011 ширкати «ТАЛКО» мунтазам қарзҳои худро ҳисоббаробарӣ намуда, ҳамчунон 34,7%-и қарзи солҳои пешинро низ пардохтааст.

Ширкати ТАЛКО ин гуфтаҳоро тасдиқ сохта, дар ҳамин ҳол, изҳор медорад, ки  маълумоти марбут ба ҳисоббаробариҳои ширкат бо «Барқи тоҷик» асоси воқеъӣ надоранд.

Бино ба маълумоти «ТАЛКО», қарзи ширкат дар назди «Барқи тоҷик» ба 526,2 млн. сомонӣ баробар буд ва ба санаи 1-уми январи соли равон ширкат на танҳо тамоми қарзҳои худро пардохт кард, балки дар ҳаҷми 300 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ низ пардохт намудааст, ки акнун ширкати «Барқи тоҷик» аз корхонаи алюминӣ қарздор монд.

Қобили зикр аст, ки дар тӯли 37 соли фаъолияти КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» бори нахуст аст, ки акнун энергетикҳо аз ширкат қарздор шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.