Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон 33% афзуд

Date:


Ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2011 нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 ба андозаи 33,6% афзуд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ директори департаменти танзими асъори Бонки миллии Тоҷикистон Мирзо Мавлонов хабар дод.

Намояндаи БМТ аз ифшои ҳаҷми дақиқи маблағҳои интиқолшуда худдорӣ варзида, зикр кард, ки ҳоло ҳамаи маълумот ҷамъбаст нашудааст.

Ба гуфтаи Мавлонов, соли гузашта ҳамчунин ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Тоҷикистон низ қариб ба андозаи 10% афзудааст.

Ӯ зикр кард, ки интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби шахсони вокеӣ ба ҷумҳурӣ хусусияти мавсимӣ дорад. «Ҳамасола аз охири фасли тирамоҳ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ коҳиш ёфта, тобистон рӯ ба афзоиш мениҳад», – иброз дошт вай.

Мавлонов гуфт, маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Қазоқистону кишварҳои дигар интиқол дода шудаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2010 – 2,298 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Соли 2010 аз Русия ба Тоҷикистон 2,216 млрд. $ ва аз Тоҷикистон ба Русия 83 млн. доллари ИМА интиқол дода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...