Дар Кӯлоб 4,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетии ҷудошуда азхуд нашуданд

Соли гузашта дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 4,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, ки ба сохторҳои давлатӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷудо шуда буданд, азхуднашуда боқӣ монданд. Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии молияи Кӯлоб Иззатулло Давлатов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чунин ҳолат ба даҳҳо сабабҳои объективӣ марбут буда, вале метавон гуфт, […]

Турко Дикаев


Соли гузашта дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 4,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, ки ба сохторҳои давлатӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷудо шуда буданд, азхуднашуда боқӣ монданд.

Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии молияи Кӯлоб Иззатулло Давлатов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чунин ҳолат ба даҳҳо сабабҳои объективӣ марбут буда, вале метавон гуфт, ки ба ин воситаҳои пулии ҷудошуда талаботи асоснок пайдо нашуд ва ин маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида хоҳанд шуд.

«Нақшаҳои минбаъда ва моддаҳои хароҷоти корхонаву ташкилот ва муассисаҳо як сол қабл омода мегарданд ва аксари онҳо минбаъд тағйир меёбанд ё дар давоми сол муҳиму рӯзмарра нашуда, аз ин рӯ, хароҷоти пулиро тақозо намекунанд», – гуфт ӯ ва илова кард, ки соли сипаришуда танҳо хадамоти коммуналӣ тамоми воситаҳои ҷудошударо пурра азхуд намуданд.

Давлатов таъкид кард, ки ба тақвияти андешаи мавҷуд набудани талаботи асоснок дар ягон соҳаи минтақа ба қайд гирифта нашудани қарз аз музди меҳнатро метавон далел овард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.