Дар Кӯлоб 4,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетии ҷудошуда азхуд нашуданд

Date:


Соли гузашта дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 4,2 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ, ки ба сохторҳои давлатӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷудо шуда буданд, азхуднашуда боқӣ монданд.

Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати минтақавии молияи Кӯлоб Иззатулло Давлатов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки чунин ҳолат ба даҳҳо сабабҳои объективӣ марбут буда, вале метавон гуфт, ки ба ин воситаҳои пулии ҷудошуда талаботи асоснок пайдо нашуд ва ин маблағ ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида хоҳанд шуд.

«Нақшаҳои минбаъда ва моддаҳои хароҷоти корхонаву ташкилот ва муассисаҳо як сол қабл омода мегарданд ва аксари онҳо минбаъд тағйир меёбанд ё дар давоми сол муҳиму рӯзмарра нашуда, аз ин рӯ, хароҷоти пулиро тақозо намекунанд», – гуфт ӯ ва илова кард, ки соли сипаришуда танҳо хадамоти коммуналӣ тамоми воситаҳои ҷудошударо пурра азхуд намуданд.

Давлатов таъкид кард, ки ба тақвияти андешаи мавҷуд набудани талаботи асоснок дар ягон соҳаи минтақа ба қайд гирифта нашудани қарз аз музди меҳнатро метавон далел овард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...