Ахири ҳафтаи гузашта дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси 10-уми бахши ҲНИТ дар ноҳияи Синои пойтахт баргузор шуд.
Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни суханронӣ дар конфронси мазкур Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, изҳор кард, ки «ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон меҳвари асосии он мебошанд, бинобар ин бояд фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиямонро қавитар созем».
Ба иттилои манбаъ, дар ин конфронс ду масъалаи асосӣ ҳисоботи раиси бахши ҲНИТ-и ноҳия ва Интихоботи раёсат ва раиси нав мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан зикр гардид, ки Сафаралӣ Ойев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Сино аз аз кору фаъолияти яксолаи ҳизб ва бурду бохти он гузориш дод. Вакилон кори яксолаи бахшро қаноатбахш баҳодиҳӣ карда, нисбати камбудиҳо изҳори назар карданд. Ҳамчунин дар ин конфронс зикр гардид, ки бархе аз бахшҳои ҳизб дар навоҳӣ фаолияти нисбатан суст менамоянд. Дар ҷараёни конфронс раёсати нави бахши ноҳиявӣ иборат аз 13 нафар интихоб гардида, онҳо Сафаралӣ Ойевро ба симати Раиси бахш баргузиданд.



