ҲНИТ фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро қавитар месозад

Ахири ҳафтаи гузашта дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси 10-уми бахши ҲНИТ дар ноҳияи Синои пойтахт баргузор шуд. Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни суханронӣ дар конфронси мазкур Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, изҳор кард, ки «ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  меҳвари асосии он мебошанд, бинобар ин бояд […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси 10-уми бахши ҲНИТ дар ноҳияи Синои пойтахт баргузор шуд.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, зимни суханронӣ дар конфронси мазкур Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ, изҳор кард, ки «ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  меҳвари асосии он мебошанд, бинобар ин бояд фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиямонро қавитар созем».

Ба иттилои манбаъ, дар ин конфронс ду масъалаи асосӣ ҳисоботи раиси бахши ҲНИТ-и ноҳия ва Интихоботи раёсат ва раиси нав мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан зикр гардид, ки Сафаралӣ Ойев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Сино аз аз кору фаъолияти яксолаи ҳизб ва бурду бохти он гузориш дод. Вакилон кори яксолаи бахшро қаноатбахш баҳодиҳӣ карда, нисбати камбудиҳо изҳори назар карданд. Ҳамчунин дар ин конфронс зикр гардид, ки бархе аз бахшҳои ҳизб дар навоҳӣ фаолияти нисбатан суст менамоянд. Дар ҷараёни конфронс раёсати нави бахши ноҳиявӣ иборат аз 13 нафар интихоб гардида, онҳо Сафаралӣ Ойевро ба симати Раиси бахш баргузиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.