Назари аҳзоби сиёсӣ ба даъвати президент оид ба қатъи хушомадгӯйӣ

Date:


Зимни ибрози назар бобати даъвати президент оид ба хотима бахшидан ба хушомадгӯйиву тамаллуқкорӣ ба президент аз ҷониби мансабдорони давлатӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит гуфт, водор кардани мансабдорон ба даст кашидан аз ин амал қариб ғайриимкон аст, зеро муддати 20 соли ахир ба онҳо ҳамин аммалро талқин карданд.

М.Ҳайит ҳамчунин зикр кард, ки зимни мушоҳидаи як зумра мансабдорон дар кори хушомадгӯйиву тамаллуқкорӣ, ба хулосае омадан мумкин аст, ки ба ҷуз хушомадгӯйӣ, аз дасти онҳо дигар коре намеояд.

«Мо борҳо шоҳиди супоришҳои ба ин монанди Эмомалӣ Раҳмон гардидем, вале мутаассифона, пас аз ин супоришҳо хушомадгӯйиву тамаллуқкории мансабдорон нисбати сарвари давлат боз ҳам бештар авҷ мегирифт», – гуфт вай.

Ба андешаи ӯ, агар нигаронии ахири сарвари давлат самимӣ бошад, ӯ метавонад хушомадгӯйиву тамаллуқкориро дар сафари аввалини худ ба минтақаҳо аз байн барад.

Ба ақидаи Усмон Солеҳов, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хушомадгӯйиву тамаллуқкории мансабдорон ниёз надорад.

У. Солеҳов бар ин назар аст, ки бидуни хушомадгӯйии мансабдорон ҳам, мардум аз хизматҳои шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватан ба хубӣ огаҳ аст. «Мебояд гуфт, ки менталитети мардуми Шарқ тамоили хушомадгӯйӣ ба мансабдорони сатҳи олии давлатиро доро аст, вале мутаассифона, он баъзан аз ҳадд мегузарад», – гуфт намояндаи ҲХДТ.

Номбурда ҳамчунин мутмаин аст, ки огаҳии сарвари давлат нисбат ба чанде аз мансабдорон оид ба ин масъала ҳатман ба инобат гирифта хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....