Беш аз 16 млн. $ барои зиёд кардани захираҳои давлатӣ

Соли равон барои зиёд кардани захираҳои давлатии Тоҷикистон ҷудо кардани 80 млн. сомонӣ (беш аз 16 млн. $) маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 млн. сомонӣ зиёдтар аст. Бино ба маълумот вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, соли гузашта маблағҳои ҷудошуда асосан барои харидани маводи сӯзишворӣ сарфа шуда буданд, зеро хатари болоравии нарх […]

Заррина Эргашева


Соли равон барои зиёд кардани захираҳои давлатии Тоҷикистон ҷудо кардани 80 млн. сомонӣ (беш аз 16 млн. $) маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Бино ба маълумот вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, соли гузашта маблағҳои ҷудошуда асосан барои харидани маводи сӯзишворӣ сарфа шуда буданд, зеро хатари болоравии нарх ва камбуд шудани маводи сӯзишворӣ вуҷуд дошт. «Ҳамчунин бо истифода аз ин маблағ маводи ғизойӣ, аз қабили гандум, орд, шакар, намак ва ҳамчунин гӯгирду воситаҳои шустушӯйӣ низ харида шуданд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Наҷмиддинов, барои дар ҳолатҳои фавқулодда ба иҷро расонидани корҳои барқароркунӣ ба маблағи 10 мл. сомонӣ масолеҳи сохтмон дастрас гардид.

Вазири молияи ҷумҳурӣ зикр кард, ки айни замон захираҳои давлатии Тоҷикистон маблағи умумии 310 млн. сомонӣ (65,1 млн. $)-ро ташкил медиҳанд.

«Қаблан дар Тоҷикистон чунин фондҳо мавҷуд набуданд. Танҳо чанде пештар ҷудо кардани воситаҳо барои зиёд кардани захираҳои давлатӣ оғоз гардид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.