Табибони Шаҳритӯс: Мо ду моҳ ҳақмузд нагирифтаем

Date:


Ба табибони ноҳияи Шаҳритӯс музди меҳнати моҳҳои ноябр ва декабри соли 2011 пардохта нашудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз роҳбарони бахши тандурустии ноҳияи мазкур хабар дод, бори охир онҳо музди меҳнати моҳи октябри соли гузаштаро гирифтаанд. «Ба мо ваъда доданд, ки рӯзҳи наздик музди меҳнати моҳҳои ноябр ва декабри соли гузаштаро ппардохт мекунанд, вале алҳол чизе нагирифтаем», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, шумори кормандони тиббӣ дар муассисаи онҳо беш аз 250 нафарро ташкил медиҳад ва ба ҳисоби миёна музди меҳнат ба 200-250 сомонӣ баробар аст.

Аммо дар раёсати молияи маъмурияти ноҳияи Шаҳритӯс маълумот дар бораи қарздорӣ аз музди меҳнатро рад карда, дар робита ба ин масъала гуфтанд, ки «дар ташкилотҳои буҷетии ноҳия қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад». «Рӯзҳои наздик мо аллакай маблағи музди меҳнат барои моҳи январро таъмин менамоем», – афзуд манбаъ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...