Ба бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва муфтӣ оштӣ пешниҳод карданд

Дар ҷаласаи судии пӯшида дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ судя ҷонибҳоро ба мусолиҳа даъват карда, аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, ки даъвояшон аз болои раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзодаро бозпас бигиранд. Пас аз баррасии шартҳои оштӣ ҷонибҳо розӣ шуданд, ки баҳри расидан ба он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, онҳо омодаанд […]

Темур Варқӣ


Дар ҷаласаи судии пӯшида дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ судя ҷонибҳоро ба мусолиҳа даъват карда, аз бародарон Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, ки даъвояшон аз болои раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзодаро бозпас бигиранд.

Пас аз баррасии шартҳои оштӣ ҷонибҳо розӣ шуданд, ки баҳри расидан ба он кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, онҳо омодаанд бо иҷрои се шарт аз ҷониби ҷавобгар аз даъво гузаранд ва ин шартҳо иборатанд аз: бекор кардани қарори Шӯрои уламо, ки дар он хонаводаи Тӯраҷонзодаҳоро ба шиагароӣ ва барангехтани ҷанги дохилӣ муттаҳам карда шуда буд; иҷозати ба фаъолият пардохтани масҷиди Муҳаммадия ва барқарор кардани бародари Тӯраҷонзода ба вазифаи имомхатиби масҷиди мазкур.

Ба гуфтаи Тӯраҷонзода, даъвогарон ҳамчунин пешниҳод кардаанд, ки онҳоро ба ҷаласаи Шӯрои уламо, ки дар он масъалаи қабули изҳороти нав ва носаҳеҳ будани изҳороти пешин баррасӣ мешавад, даъват намоянд.

Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода низ аз пешниҳоди судя изҳори қаноатмандӣ карда, боварии худро ба оштӣ шудани ҷонибҳо баён кард.

Бузаргмеҳр Ёров, адвокати хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо,  изҳор кард, ки муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ба баррасии шартҳои мусолиҳа ва бозпас гирифтани даъво аз ҷониби бародарон Тӯраҷонзодаҳо изҳори омодагӣ намудааст.

«Ҷавобгар гуфт, ба ӯ зарур аст, ки андешаи намояндагони Шӯрои уламо оид ба ин масоилро бифаҳмад. Дар ҳамин ҳол, муфтӣ изҳор кард, ки ҳалли масъалаҳои кушодану бастани масҷидҳо, таъин ва аз кор озод кардани имомхатибон, ки ба Шӯрои уламо тобеъ нестанд, ба салоҳияти Шӯро дохил нестанд», – гуфт Бузургмеҳр Ёров бо такя ба суханони Абдуқодирзода.

Худи муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода аз ҳама гуна шарҳ худдорӣ кард. Ҷаласаи навбатии судӣ ба рӯзи 6-уми феврал таъин карда шуд. Ин муҳлатест, ки суд барои иҷрои шартҳои оштӣ муқаррар кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.