Хатлон: Боздошти гумонбар ба қатли бераҳмонаи духтари 5-сола

Кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон як ҷинояти марбут ба куштори бераҳмонаи духтари 5-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки рӯзи 8-уми январи соли равон содир шуда буд, ошкор сохтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори РКД вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов хабар дод, дар таърихи 25-уми январ зимни амалиёти муштараки кормандони милисаи вилоят ва Раёсати мубориза бо […]

Сайраҳмон Назриев


Кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон як ҷинояти марбут ба куштори бераҳмонаи духтари 5-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро, ки рӯзи 8-уми январи соли равон содир шуда буд, ошкор сохтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори РКД вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов хабар дод, дар таърихи 25-уми январ зимни амалиёти муштараки кормандони милисаи вилоят ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи ВКД Тоҷикистон гумонбаршуда дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуд.

«Ӯ сокини 32-солаи ҳамин ноҳия Фаррух Абдуллоев аст, ки қаблан барои таҷовуз ба номуси ноболиғ ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд», – гуфт Тағоймуродов.

Ӯ ҳамчунин гуфт, дар бозпурсии пешакӣ гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Тафтишоти парвандаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.