Хадамоти муҳоҷират: Мо скинхедҳоро даъват накардаем

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки маълумот доир ба гузаронидани фестивали байналмилалии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гӯё скинхедҳо низ дар он даъват шудаанд, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират интишор нашудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки баргузоршавии ҳамагуна чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва гузаронидани онҳо […]

ASIA-Plus


Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки маълумот доир ба гузаронидани фестивали байналмилалии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гӯё скинхедҳо низ дар он даъват шудаанд, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират интишор нашудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баргузоршавии ҳамагуна чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва гузаронидани онҳо аз салоҳияти Хадамоти муҳоҷират берун аст.

Бояд қайд намуд, ки пешниҳоди баргузории фестивали ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи он даъвати ташкилотҳои ғайрирасмии Россия, аз ҷумла, скихендҳо танҳо пешниҳоди иддае аз донишҷӯёни ҷавони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки соли гузашта интишор ёфта буд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.