Боришоти барф ба фаъолияти фурудгоҳ монеа эҷод намесозад

Date:


Боришоти барф ба фаъолияти фурудгоҳи пойтахт монеа эҷод намесозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, аз боришоти барф хадамоти техникии фурудгоҳ пешакӣ огоҳ гардида буд.

«Айни замон фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, мушкилоти парвозу фуруд омадани ҳавопаймоҳо вуҷуд надорад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ,  кормандони хадамоти дахлдори фурудгоҳ тамоми техникаи зарурӣ ва реагентҳои зиддияхбандиро пешакӣ омода кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳафтаи сипаришуда бинобар сабаби фазои пойтахтро фаро гирифтани тумани ғализ, фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои мусофирбар аз шаҳрҳои Санкт-Петербургу Маскавро қабул карда натавониста буд. Ин ҳавопаймоҳо барои фуруд омадан ба майдони ҳавоии шаҳри Хуҷанд фиристода шуда буданд.

Ғайр аз ин, ба иллати тумани ғализ ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайри Душанбе-Истамбул ва Душанбе-Маскав низ мавқуф гузошта шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...