КМИР чор номзад ба аъзои Маҷлиси миллиро ба қайд гирифт

Комиссияи марказиии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон чор номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд гирифт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР хабар доданд, ба сифати номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ раиси шаҳри Истаравшан, узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказиии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон чор номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қайд гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КМИР хабар доданд, ба сифати номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ раиси шаҳри Истаравшан, узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Иброҳим Абдуллоев ва аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – раисони ноҳияи Рӯдакӣ – Саймурод Тағоев, Рашт – Саидумрон Абдураҳмонов ва Панҷ – Абдуҷон Таваккалов сабти ном шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, маъракаи интихоботи аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба рӯзи 25-уми феврал таъин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 15-уми декабри соли 2011 дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости шахсии собиқ аъзои палата собиқ раиси шаҳри Истаравшан Муним Холиқов, ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров қонеъ гардонида шуда, ваколатҳои аъзои ММ МО ҶТ шахсони мазкур бекор карда шуд.

Нимаи соли гузашта бинобар даргузашти нобҳангоми раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколатҳои ӯ низ қатъ гардида буданд.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов ва Нуриддини Саидов, ки мутаносибан муовини аввали нахуствазир ва вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуданд, низ бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супоранд.

Қобили зикр аст, ки вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб намуда, 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон ба якумрӣ аъзои Маҷлиси миллӣ будан ҳуқуқ доранд. Дар даъватии феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.