Баррасии масъалаи ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ миёни мақомоти давлатӣ

Бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини табодули электронии маълумотҳо байни мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ва дигар соҳаҳо дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид. Дар машварат қайд гардид, ки барои ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва дуруст ба роҳ  мондани табодули электронии маълумот байни […]

ASIA-Plus


Бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат ҷиҳати ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва таъмини табодули электронии маълумотҳо байни мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ва дигар соҳаҳо дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат қайд гардид, ки барои ташкили шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва дуруст ба роҳ  мондани табодули электронии маълумот байни мақомотҳои зикршуда нахуст лозим аст, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ба он мутобиқ карда шавад.

Тавре аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур ҳамзамон гурӯҳи корӣ лоиҳаи Дастурамал Дар бораи тартиби сабти рақами мушаххаси андозсупоранда ва рамзҳои гурӯҳбандии даромадҳои андозиро дар супоришномаҳои пардохтӣ ҳангоми гузаронидани маблағи андоз ба буҷети давлатӣ тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин бобат пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои судманд арзёбӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки Дастурамали мазкур дар асоси моддаҳои 45, 79 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали Бонки Миллии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардидааст.

Ба ғайр аз мақомоти андоз, гумрук ва бонкҳо ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат миёни Вазорати корҳои дохилӣ, Хоҷагии манзилию коммуналӣ, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Шабакаи ягонаи иттилоотиро роҳандозӣ хоҳанд намуд, ки ин омил барои дастрасии маълумотҳои дақиқу зарурӣ барои назорати минбаъдаи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои андозии андозсупорандагон мусоидати амиқ менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.