Суғд: 20 соли зиндон барои қатли ҳамсари ҳомиладор

Date:


Чанде қабл ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии суди вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноии сокини 24-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Аҳмадҷон Тӯхтаевро ба анҷом расонида, ӯро барои қатли бераҳмонаи зани ҳомиладораш ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди вилоятӣ Муродбек Фозилбеков ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки А.Тӯхтаев дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Куштори зане, ки ҳомилагии ў барои гунаҳгор аён аст) ва 244, қ. 1 (Дуздӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба 20 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум намуд.

Судя зикр кард, ки санаи 29-уми октябри соли 2011 Тӯхтаев ҳамсари ҳомиладори худро барои бинобар ҷанҷолҳои оилавии зиёд дигар хоҳиши бо ӯ зистан надоштан, бо ресмон аз гулӯяш буғӣ мекунад. Зани фавтида дар батнаш тифли семоҳа дошт.

«Пас аз қатли бераҳмонаи ҳамсар Тӯхтаев аз сумкаи зан телефони ҳамроҳ ва 102 сомонӣ маблағи пулиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад», – афзуд номбурда.

Зикр гардид, ки маҳкумшуда мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...