Ҳукуматдорони Чкаловск нафақахӯрони танҳоро дар меҳмонхона ҷой доданд

Date:


Бинобар сабаби сардии шадиди обуҳаво, ҳукуматдорони шаҳри Чкаловски вилояти Суғд нафақахӯрони танҳоро то фасли баҳор дар меҳмонхонаи замоне овозадори «Хуҷанд» ҷой доданд.

Кормандони меҳмонхона ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, аз ҷониби мақомоти маҳалли таъминоти иҷтимоӣ рӯйхати 9 нафар нафақахӯрони танҳо пешниҳод гардида, дархост шудааст, ки онҳо дар меҳмонхона ҷой дода шаванд.

Ба рӯйхат асосан занони нафақахӯр – маъюбони гурӯҳи дуюм шомил буда, танҳо панҷ нафари онҳо ба истифода аз ин ғамхорӣ розӣ шудаанд. «Онҳо дар ҳуҷраҳои як ва ду нафарии дорои бухориҳои барқӣ ва телевизор ҷой дода шуда, бо ғизо, ки дар қаҳвахонаи меҳмонхона омода мешавад, таъминанд», – гуфтанд кормандони меҳмонхона.

Ба қавли онҳо, маводи ғизоии нафақахӯрон аз ҷониби як қатор сарпарастони маҳалливу афроди хайрхоҳ таъмин карда мешавад.

«Дар обуҳавои сарди зимистони соли 2007 низ чунин қишри ниёзманди аҳолӣ дар меҳмонхона зиндагӣ карда буданд. Бо мусоид шудани обуҳаво онҳо ба манзилҳои худ бармегарданд», – афзуданд онҳо.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...