Коршинос: Истифодаи ангишт воридоти сӯзишвориро кам мекунад

Ангишт ҳамчун ашёи хоми дорои технологияи баланд метавонад вобастагии Тоҷикистонрор аз воридоти газ ва маҳсулоти нафтӣ кам созад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва навъҳои алтернативии энергияи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Баҳриддин Абдураҳимов. Б.Абдураҳимов мегӯяд, дар Тоҷикистон захираҳои зиёди саноатии навъҳои гуногуни ангишт мавҷуд буда, то […]

Аваз Юлдошев


Ангишт ҳамчун ашёи хоми дорои технологияи баланд метавонад вобастагии Тоҷикистонрор аз воридоти газ ва маҳсулоти нафтӣ кам созад, – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати саноати истихроҷи ангишт ва навъҳои алтернативии энергияи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Баҳриддин Абдураҳимов.

Б.Абдураҳимов мегӯяд, дар Тоҷикистон захираҳои зиёди саноатии навъҳои гуногуни ангишт мавҷуд буда, то имрӯз беш аз 36 кони ангишт ошкор ва қисман мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

«Тайи солҳои ахир 80 корхонаи саноатии хиштбарорӣ, 28 корхонаи оҳангудозӣ, 1 корхонаи истеҳсоли шиша ва 17 корхонаи саноати хӯрокворӣ аз истифодаи гази гаронбаҳову нерӯи барқи камчин ба истифодаи ангишти бештар сарфанок гузаштанд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, имрӯз корхонаҳои истихроҷи аништи кишвар талаботи бахшҳои гуногуни иқтисоду ҳаёти иҷтимоии ҷумҳуриро қонеъ карда наметавонанд ва аз ин рӯ, дар навбати аввал ба рушди саноати истихроҷи ангишт мебояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд. «Бо  ин мақсад ва ҳамчунин таъмини аҳолӣ бо ангишт аз соли 2011 тарзи кушоди истихроҷи ангишт истифода мешавад ва имрӯз шумори чунин корхонаҳо дар ин самт ба 12 адад расид, – гуфт номбурда. – Шумори умумии корхонаҳои амалкунанда дар ин бахш 14 ададро ташкил медиҳад, ки 8-тоаш корхонаҳои хусусӣ мебошанд».

Номбурда ҳамчунин гуфт, ширкатҳои як қатор давлатҳои хориҷӣ тӯли се сол дар бахши истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ фаъолият дошта, то ҳанӯз ба он таваҷҷуҳ зоҳир месозанд ва дар кашфу коркарди конҳои ангишт то имрӯз беш аз 15 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намудаанд.

«Соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт 236,8 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2001 11,5 маротиба бештар буда, маблағи умумии ангишти истихроҷшуда 25 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод», – гуфт ӯ.

Дар идома Абдураҳимов изҳор кард, ки минбаъд дар ҷумҳурӣ сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 дар заминаи ашёи хоми кони ангишти Зиддӣ ва МБН дар заминаи кони ангишти Фон-Яғноб дар назар аст. Дар заминаи кони ангишти Сайёд бо мақсади дастрас кардани сӯзишвории навъҳои моеи сунъӣ ва газшакл сохтмони корхонаи коркарди ангишт бо иқтидори 275 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.