Кормандони КДАМ аъзои гурӯҳи фаромиллии қочоқбарро боздоштанд

Зимни як амалиёт дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аъзои гурӯҳи фаромиллии қочоқбарро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир сокинони ноҳияи Ванҷ, аъзои гурӯҳи қочоқбар  – Собир Ардабоев, бештар маъруф бо номи Шайх Собири Ванҷӣ ва ду маротиби […]

Аваз Юлдошев


Зимни як амалиёт дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аъзои гурӯҳи фаромиллии қочоқбарро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ хабар доданд, ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир сокинони ноҳияи Ванҷ, аъзои гурӯҳи қочоқбар  – Собир Ардабоев, бештар маъруф бо номи Шайх Собири Ванҷӣ ва ду маротиби маҳкумшуда Назриалӣ Ҷавҳаров боздошт шуданд.

«Аз боздоштшудагон беш аз 19 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуда, муайян карда шудааст, ки ин миқдор маводро Ардабоев аз шаҳрванди Афғонистон барои фурӯш дастрас кардааст», – гуфтанд дар кумита.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни боз як амалиёти махсуси дигар дар қаламрави Кӯлоб се шаҳрванди ҷумҳурӣ дастгир шуда, ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон аз пинҳонгоҳҳои махсус 6 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва 2 кило афюн дарёфту мусодира шудааст. «Аз рӯйи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад», – афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли равон кормандони КДАМ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 182 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.