Қабулгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсони Хуҷанд баста шуд

Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд баста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳи мазкур Истадмурод Акрамов хабар дод. Ба гуфтаи вай, аз баста шудани қабулгоҳ ӯро роҳбарони мақомоти болоӣ огаҳ сохта, изҳор кардаанд, ки қатъи маблағгузорӣ аз ҷониби яке аз фондҳо боиси бастани қабулгоҳ шудааст. Чанде аз чунин қабулгоҳҳо, […]

Бахтиёр Валиев


Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд баста шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари қабулгоҳи мазкур Истадмурод Акрамов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, аз баста шудани қабулгоҳ ӯро роҳбарони мақомоти болоӣ огаҳ сохта, изҳор кардаанд, ки қатъи маблағгузорӣ аз ҷониби яке аз фондҳо боиси бастани қабулгоҳ шудааст.

Чанде аз чунин қабулгоҳҳо, ба гуфтаи Акрамов, дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ баста шудаанд. Аммо Акрамов бар ин назар аст, ки қабулгоҳи Хуҷанд бо сабаби дигар баста шудааст.

«Дар шумораи №3-и ҳафтавори «Азия-Плюс» мактуби ман дар бораи маросими адои ҳаҷ дар соли 2011 ба табъ расида буд. Дар мактуб ман, ки худ соли равон маросими ҳаҷро адо намудам, дар бораи ҷой доштани содир гардидани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби як зумра мансабдорон зимни ташкили маросими адои ҳаҷ изҳори назар карда будам ва сабаби бастани қабулгоҳ шояд ҳамин бошад», – гуфт вай.

Акрамов ҳамчунин иброз дошт, ки қабулгоҳи ҷамъиятӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ гардида, моҳи декабр ба он утоқи корӣ ҷудо гардид. Дар муддати фаъолият ба қабулгоҳ 40 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидааст, ки асосан ба масоили муносибат бо мақомоти гуногун, аз ҷумла сохтори қудратӣ дахл доштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.