Барои муҳоҷирони кории тоҷик роликҳо омода мекунанд

Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ  Сафиалло Девонаев бо роҳбари Намояндаи Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират Зейнал Гаджиев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба роҳандозии системаи ягонаи автоматикунонидашудаи дурусти баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанад, […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ  Сафиалло Девонаев бо роҳбари Намояндаи Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират Зейнал Гаджиев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба роҳандозии системаи ягонаи автоматикунонидашудаи дурусти баҳисобгирии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба хориҷи кишвар сафар мекунанад, ба роҳ монда мешавад. Тарафайн ба мувофиқа расидаанд, ки бо дастгирии Хадамоти муҳоҷират роликҳои омоданамудаи Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират оиди муҳоҷират тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ, роҳи оҳан ва ВАО ба мардум пешниҳод карда шаванд.

Қайд карда шуд, ки ҳамкорӣ бо сарҳадчиён ҷиҳати муайян намудани шумораи муҳоҷирон ба роҳ монда мешавад.

 Ташкилоти Байналмилалии Муҳоҷират омодагии хешро баҳри пурзӯр намудани фаъолияти Хадамот, расонидани кӯмакҳои техникӣ ва гузаронидани семинар-трейнингҳо барои кормандони Хадамоти муҳоҷират баён дошт.

Дар хотима меҳмонон аз толори тозабунёди конфронс-зали Хадамот дидан намуда, пешниҳод гардид, ки дар оянда тамоми нишастҳо, чорабиниҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ дар ин толор баргузор хоҳанд гашт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.