Бозоркоми ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ кушта шуд

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ раиси бозори ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ кушта шуд. Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки санаи 9-уми феврал шахсони номаълум вориди хонаи раиси бозори ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Эшон Бузургови 79-сола мешаванд ва бо шаш зарбаи корд ӯро ба ҳалокат расонида, сипас аз ҷойи ҳодиса […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ раиси бозори ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ кушта шуд.

Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки санаи 9-уми феврал шахсони номаълум вориди хонаи раиси бозори ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Эшон Бузургови 79-сола мешаванд ва бо шаш зарбаи корд ӯро ба ҳалокат расонида, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

«Аз ҷароҳатҳои бардошта Бузургов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», – гуфтанд дар раёсат.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин ҳодиса дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ дод, ки зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хуҷанд ду нафар гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят – Бузург Бузургови 25-сола ва Ҷалол Шарифови 36-сола боздошт шудаанд.

Аз онҳо далели шайъӣ – корди хоҷагӣ мусодира шудааст. Тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.