Президенти Покистон ба ҷашни Наврӯзи Душанбе даъват шуд

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғоз Президенти Покистон аз Сафири Тоҷикистон даъватномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати иштирок дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдовро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар оғоз Президенти Покистон аз Сафири Тоҷикистон даъватномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати иштирок дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуд.

Зимни сӯҳбат оид ба мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба, масъалаҳои зарурати ҳарчи зудтар амалӣ намудани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон оид ба транзит, кушодани хатти парвози мустақими Душанбе-Исломобод табодули назар сурат гирифт.

 Сипас, ҷонибҳо равобит бо Афғонистон ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин масъалаҳои иштироки ҳайати баландмақоми Покистон дар Конфронси RECCA V-ро матраҳ карданд.

Сафир З. Зубайдов иброз дошт, ки иштироки ҳайати баландпояи Покистон дар кори RECCA V имкон медиҳад, то Тоҷикистону Покистон дар ҳошияи он ҷиҳати роҳандозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа дар самти барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва сулҳу суботи ин кишвар иқдомҳои муштараку муассир андешанд.

 Дар робита ба мавзӯи RECCA V, Президент Осиф Алӣ Зардорӣ тазаккур дод, ки ҳайати Покистон дар ин чорабинӣ дар сатҳи баланд иштирок хоҳад кард. Тибқи гуфтаҳои Роҳбари Покистон, ӯ ҷонибдори он аст, ки Тоҷикистону Покистон дар ҳошияи RECCA V ва дигар маъракаҳои марбут ба рушди Афғонистон фаъолияти муштарак ва мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.