Дархости 600 нафар барои таҳсил дар мактабҳои шабонаи пойтахт

Date:


Ҳудуди 600 нафар шаҳрвандон хоҳиши таҳсил дар мактабҳои шабонаи пойтахтро изҳор кардаанд. Оғози машғулиятҳо дар мактабҳои шабона дар соли нави хониш пешбинӣ шудааст.

Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки мактабҳои шабона дар заминаи макотиби таҳсилоти умумии № 28 дар ноҳияи Фирдавсӣ, № 25 дар ноҳияи Сино, № 10 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва № 35 дар ноҳияи Шоҳмансур кушода мешаванд.

«Дар Тоҷикистон ҷавонони сатҳи маърифату донишашон хеле паст зиёданд. Бисёр ҳодисаҳои гирифтани аттестатҳои қалбакӣ ошкор шудааст. Ҳатто як донишҷӯйи соли чоруми яке аз макотиби олӣ барои надоштани номаи камол аз муассисаи таълимӣ хориҷ шуда буд», – гуфт вай.

Ба қавли номбурда, таҳсил дар мактабҳои шабона ройгон буда, машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикиву русӣ баргузор мегарданд.

«Мутобиқи нақшаи таълимӣ, бо хонандагони мактабҳои шабона ҳамарӯза се соати дарсӣ гузаронида мешавад», – афзуд Г.Бобоева.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...