Хадамоти муҳоҷират ба дастрасии маоши чормоҳаи муҳоҷирон муваффақ шуд

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба дастрасии маоши чормоҳаи муҳоҷирон муваффақ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии мазкур хабар доданд, як гурӯҳи бинокорони муҳоҷири тоҷик таҳти сарварии Темур Зайниддинови 47-сола ба намояндагӣ ҷиҳати кӯмак ба ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба пардохти музди меҳнат аз ҷониби корфармо муроҷиат кардаанд. «Маълум шуд, ки […]

Аваз Юлдошев


Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба дастрасии маоши чормоҳаи муҳоҷирон муваффақ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии мазкур хабар доданд, як гурӯҳи бинокорони муҳоҷири тоҷик таҳти сарварии Темур Зайниддинови 47-сола ба намояндагӣ ҷиҳати кӯмак ба ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба пардохти музди меҳнат аз ҷониби корфармо муроҷиат кардаанд.

«Маълум шуд, ки онҳо тамоми ӯҳдадориҳои худро тибқи шартнома дар назди ҶСП «Уралтяжтрубстрой» (ш. Первоуралски вилояти Свердловск) ба иҷро расонида, дар муддати чор моҳ корфармо ба онҳо музди меҳнаташонро пардохт намекунад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, бо дахолати намояндагӣ муяссар шудааст, ки дар масъалаи пардохти музди меҳнати муҳоҷирон аз моҳи октябри соли 2011 дар ҳаҷми пурра мувофиқа ҳосил шавад.

«Ҳамин тариқ, рӯзи 9-уми феврал муҳоҷирони тоҷик музди меҳнати чормоҳаи худро пурра дар ҳаҷми ҳудуди 283 ҳазор рубл гирифтанд», – афзуд манбаъ.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.