Ширкати раиси ҲНИТ дар конфронси байнулмилалии «Ваҳдати исломӣ»

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чанде қабл ҷиҳати ширкат дар конфронси байналмилаллии «Ваҳдати исломӣ» озими Теҳрон шуд. Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин сафар раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии Эрон таҳсили илм мекунанд, низ мулоқот оростанист, зеро чанд муддатест гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики муқими […]

ASIA-Plus


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чанде қабл ҷиҳати ширкат дар конфронси байналмилаллии «Ваҳдати исломӣ» озими Теҳрон шуд.

Тавре аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин сафар раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии Эрон таҳсили илм мекунанд, низ мулоқот оростанист, зеро чанд муддатест гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон хостори дидори раҳбари ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо онҳо шуда буданд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронси 25-уми «Ваҳдати исломӣ» шахсиятҳои илмиву фарҳангӣ аз 50 кишвари дунё иштирок мекунанд. Конфронс дар меҳмонхонаи «Озодӣ» доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки ин конфронс ҳар сол тавассути «Маҷмаъи тақриби мазоҳиби исломӣ»- и Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.