СММ ба Тоҷикистон таҷҳизоти мубориза бо малах тақдим кард

Date:


Барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах»-и Тоҷикистон таҷҳизоти мубориза бар зидди малах тақдим кард.

Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кӯмаки мазкур дар доираи барномаи минтақавии «Мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар соли 2012» дастрас шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ба корхона як дастгоҳи алоқаи моҳвораӣ, панҷ адад дастгоҳи низоми моҳвораии навигатсия (GPS), 20 адад дорупошакҳои дастии «Улва», панҷ адад дорупошакҳои АИ-800, як дорупошаки АИ-8115 ва се ҷуфт таҷҳизот барои назорату мушоҳида тақдим шуд. «Таҷҳизоти дастрасшуда ба манотиқе, ки бештар ба ҳуҷуми малах осебпазиранд, фиристода мешавад», – гуфтанд дар вазорати кишоварзӣ.

Зикр гардид, ки таҷҳизоти мазкур ба фермерон дар саривақт андешидани чораҳо зидди ҳуҷуми малах кӯмак хоҳад расонид. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...