Донишҷӯён-технологҳои Кӯлоб соҳиби технопарк шуданд


Дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб технопарк (қароргоҳи дастгоҳу таҷҳизоти техникӣ) боз шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи рушди иқтисод ва инноватсияи филиали донишгоҳ Алмосшо Шоев хабар дод, технопарк бо дастгоҳу асбоб ва лавозимоти техникии зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, қаблан донишҷӯёнро лозим меомад, ки таҷрибаи истеҳсолиро дар корхонаҳои минтақа гузаронанд. «Акнун ҳамаи ин гуна дастгоҳу асбоб ин ҷо муҳайёст ва донишҷӯён метавонанд маҳсулоти тарҳрезикардаи худро ба бозори маҳаллӣ пешниҳод намоянд», – гуфт вай.

Ба қавли Шоев, лар зарфи 9 соли фаъолият филиал ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. «Агар 9 сол қабл мо барои азхудкунии 2 ихтисос ҳамагӣ 27 нафар донишҷӯёнро қабул карда бошем, имрӯз дар факултетҳои технологии филиал зиёда аз 1,3 ҳазор нафар донишҷӯён бо таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, айни замон дар макотиби олии шаҳрҳои Иваново, Ярославл, Кострома ва Воронеж беш аз 500 нафар донишҷӯёни Кӯлоб таҳсил дошта, дар худи филиал низ факултаи муштараки тоҷикиву русиягӣ амал мекунад», – афзуд номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное