Густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ироюки Имохаширо ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вакили парлумон дипломати хориҷиро бо фаъолияти парлумони кишвар ошно сохта, таъкид кард, ки рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар […]

Аваз Юлдошев


Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба умури байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ироюки Имохаширо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, вакили парлумон дипломати хориҷиро бо фаъолияти парлумони кишвар ошно сохта, таъкид кард, ки рушду густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба дар тамоми бахшҳо ба манфиати ҳам Тоҷикистону ҳам Ҷопон аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Дипломати Ҷопон ба вакили парлумони ҷумҳурӣ итминон дод, ки баҳри рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои дуҷониба аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад шуд», – афзуд манбаъ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.