Ошкор шудани далелҳои тақсимоти ғайриқонунии замин дар Вахш


Прокуратураи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба 12 қарори собиқ раиси ноҳия, ки ба тақсимоти қитъаҳои замин марбутанд, эътироз овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ноҳия Юсуфҷон Юсуфзода хабар дод, ҳукумати ҷумҳурӣ барои ноҳияи Вахш 413 гектар замин ҷудо кард. Дар ҷараёни санҷиши прокурорӣ маълум шуд, ки то моҳи декабри соли 2011 собиқ раиси ноҳия барои 1 ҳазору 726 нафар сокинон 226 гектар замин ҷудо кардааст.

«Ошкор гардид, ки қарорҳои собиқ раиси ноҳияи бо нақзи қонунгузории ҷумҳурӣ содир шудаанд. Аз ҷумла, тамоми қарорҳо бидуни хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти қитъаҳои замин ба имзо расидаанд», – гуфт Юсуфзода.

Прокурор зикр кард, ки дар ҷараёни санҷиши прокурорӣ раиси хоҷагии деҳқонии «Сабурзода» Абдувакил Сиамардов боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. «Раиси хоҷагии деҳқонӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин аз ду сокини маҳаллӣ 2 ҳазор долларӣ маблағ талаб карда, аммо аз онҳо 1 ҳазор долларӣ маблағ гирифтааст. Ҳамчунин муайян карда шудааст, ки ӯ духтари ноболиғи худро ба рӯйхати нимёзмандон ба ҷудо кардани қитъаи замин шомил кардааст», – илова намуд прокурор.

Боз ду нафар сокинони ноҳияи мазкур ба худсарона азхуд кардани қитъаҳои замин гумонбар дониста мешаванд ва дар ин қитъаҳо аллакай манзили зист бунёд намудаанд. «Пас аз ошкор шудани ин далел ҳарду баргардонидани қитъаҳои заминро рад сохтанд, ҳарчанд дар аввал онҳоро огоҳ карда буданд, ки дар ин ҷо хона насозанд», – иброз дошт Юсуфзода.

Ба гуфтаи ӯ, раиси нави ноҳия комиссияи ҷамъиятии пешинаро пароканда сохта, комиссияи нав таъсис дод. Тамоми қарорҳо дар бораи тақсимоти замин, ки то имрӯз содир шуда буданд, дақиқан мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное