Ошкор шудани далелҳои тақсимоти ғайриқонунии замин дар Вахш

Прокуратураи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба 12 қарори собиқ раиси ноҳия, ки ба тақсимоти қитъаҳои замин марбутанд, эътироз овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ноҳия Юсуфҷон Юсуфзода хабар дод, ҳукумати ҷумҳурӣ барои ноҳияи Вахш 413 гектар замин ҷудо кард. Дар ҷараёни санҷиши прокурорӣ маълум шуд, ки то моҳи декабри соли 2011 собиқ раиси ноҳия барои […]

Сайраҳмон Назриев


Прокуратураи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба 12 қарори собиқ раиси ноҳия, ки ба тақсимоти қитъаҳои замин марбутанд, эътироз овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ноҳия Юсуфҷон Юсуфзода хабар дод, ҳукумати ҷумҳурӣ барои ноҳияи Вахш 413 гектар замин ҷудо кард. Дар ҷараёни санҷиши прокурорӣ маълум шуд, ки то моҳи декабри соли 2011 собиқ раиси ноҳия барои 1 ҳазору 726 нафар сокинон 226 гектар замин ҷудо кардааст.

«Ошкор гардид, ки қарорҳои собиқ раиси ноҳияи бо нақзи қонунгузории ҷумҳурӣ содир шудаанд. Аз ҷумла, тамоми қарорҳо бидуни хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти қитъаҳои замин ба имзо расидаанд», – гуфт Юсуфзода.

Прокурор зикр кард, ки дар ҷараёни санҷиши прокурорӣ раиси хоҷагии деҳқонии «Сабурзода» Абдувакил Сиамардов боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст. «Раиси хоҷагии деҳқонӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин аз ду сокини маҳаллӣ 2 ҳазор долларӣ маблағ талаб карда, аммо аз онҳо 1 ҳазор долларӣ маблағ гирифтааст. Ҳамчунин муайян карда шудааст, ки ӯ духтари ноболиғи худро ба рӯйхати нимёзмандон ба ҷудо кардани қитъаи замин шомил кардааст», – илова намуд прокурор.

Боз ду нафар сокинони ноҳияи мазкур ба худсарона азхуд кардани қитъаҳои замин гумонбар дониста мешаванд ва дар ин қитъаҳо аллакай манзили зист бунёд намудаанд. «Пас аз ошкор шудани ин далел ҳарду баргардонидани қитъаҳои заминро рад сохтанд, ҳарчанд дар аввал онҳоро огоҳ карда буданд, ки дар ин ҷо хона насозанд», – иброз дошт Юсуфзода.

Ба гуфтаи ӯ, раиси нави ноҳия комиссияи ҷамъиятии пешинаро пароканда сохта, комиссияи нав таъсис дод. Тамоми қарорҳо дар бораи тақсимоти замин, ки то имрӯз содир шуда буданд, дақиқан мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат