Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 100 млн. $ ҷудо мекунад

Директор оид ба стратегия ва амалиёти Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Кумар Ҷо, ки чанде қабл ба вазифаи Директори минтақавии БҶ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъин шуд, сафари худ ба минтақаи Осиёи Марказиро анҷом доданд. Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар давоми сафари худ намояндагони бонк […]

Виктория Наумова


Директор оид ба стратегия ва амалиёти Бонки ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс ва Кумар Ҷо, ки чанде қабл ба вазифаи Директори минтақавии БҶ дар минтақаи Осиёи Марказӣ таъин шуд, сафари худ ба минтақаи Осиёи Марказиро анҷом доданд.

Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, дар давоми сафари худ намояндагони бонк аз кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон боздид карданд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз сафар баргузор намудани як қатор мулоқот бо мақомоти дахлдори ҳукумат ва шарикон оид ба амалисозии лоиҳаҳо ва созмонҳои мададрасон буд.

Зимни боздид аз Тоҷикистон намояндагони бонк масъалаи самтҳои афзалиятноки ҳукумат нисбат ба лоиҳаҳои пешакӣ оид ба тақсими маблағи 100 млн. доллари ИМА, ки тайи ду соли наздик ба Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, баррасӣ намуданд. Ин маблағ қисмате аз дастгирии машваратӣ оид ба Ҳисоботи пешакӣ дар бораи татбиқи Стратегии шарикӣ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.