Моддаи нави «Шиканҷа» дар Кодекси ҷиноӣ

Date:


Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии кишвар»-ро маъқул донист.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон Прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки тағйироти асосӣ ба тавсияҳои СММ ҷиҳати ба мутобиқат овардани қонунгузорӣ бо Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф марбут аст.

«Дар бораи масъулият доштан ҳангоми истифодаи шиканҷа дар бисёр моддаҳои КҶ сухан рафтааст, вале дар кодекс моддаи алоҳида оид ба шиканҷа вуҷуд надорад ва ин боиси интиқоди созмонҳои байнулмилалӣ шудааст», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Ш.Салимзода, дар лоиҳаи пешниҳодшуда моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» пешбинӣ гардида, ҷазо барои истифодаи он аз 2 то 5 сол ва зимни такроран ба чунин ҷиноят даст задан аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амволро ташкил медиҳад.

«Соли 2010 ба мақомоти прокуратура 48 арзу шикоят дар бораи истифодаи шиканҷа ворид шуд, ки дар 13 ҳолат онҳо тасдиқи худро ёфтанд. Соли гузашта бошад, 26 чунин арзу шикоят ворид гардида, дар 5 ҳолат тасдиқ шуданд», – таъкид кард номбурда.

Ба андешаи вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ, асосан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои афзудани фоизи ошкоршавии ҷиноят нисбат ба боздоштшудагон шиканҷаро истифода мекунанд. «Агар дар кишварҳои рушдёфта фоизи ошкоркунии ҷиноят то 50%-ро ташкил диҳад, дар мо он қариб ба 100% баробар аст. Дар мо то ҳанӯз менталитети шӯравӣ, яъне ҳатман ошкор кардани ҷиноят боқӣ мондааст», – гуфт Кабирӣ ва афзуд, ки дар Тоҷикистон бознигарии низоми тафтишот зарур аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...